Ссылки доступа

Дар Қирғизистон нахустин телевизиони варзишӣ ба кор сар кард


Дар Қирғизистон 15 декабр нахустин шабакаи телевизионии варзишӣ – «КТРК Спорт» фаъол шуд. Дар ин бора сомонаи Ширкати телевизиониву радиоии Қирғизистон хабар медиҳад.

Бино бар иттилои сомона, сокинони Қирғизистон ин шабакаро метавонанд тариқи телевизионҳои кабелӣ ва рақамӣ 24 соати шабонарӯз бубинанд. Рисолати шабака – мусоидат ба рушди варзиш дар он кишвар, густариш ва ривоҷи навъҳои миллии варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим унвон шудааст.

XS
SM
MD
LG