Ссылки доступа

«Россия сегодня» кормандони тоҷикистониашро «ҷавоб дод»


Бо эълони "ислоҳоти сохторӣ" бузургтарин оҷонси хабарии Русия қисмати асосии кормандонашро дар Тоҷикистон аз кор озод кард.

«Бознигарии сохтор як чорабинии нақшавии оҷонсӣ аст ва ба сиёсати таҳририя таъсир надорад», - омадааст дар посухи маркази матбуотии Оҷонсии хабарии байналмилалии «Россия сегодня» ба суоли Радиои Озодӣ.

Аз 15 корманди ҷалбшудаи оҷонсӣ 10 нафар аз кор хориҷ мешаванд, 2 корманд пешниҳод гирифтаанд, ки дар Москва фаъолияташонро идома диҳанд. Дар ҳамин ҳол дарёфти иҷозаи расмии фаъолияти намояндагии оҷонсиро вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон баррасӣ дорад.

Зимни як ҷаласаи дохилӣ рӯзи 14 декабр дар Душанбе ба кормандони «Россия сегодня» гуфтаанд, ки ин қарор бо мушкили молӣ рабт надорад. Сабаби асосӣ, ба гуфтаи намояндагони оҷонсӣ дар Душанбе, пайдо накардани посухи мусбат дар муддати тӯлонӣ аз мақомоти Тоҷикистон дар мавриди сабти ном аст.

XS
SM
MD
LG