Ссылки доступа

Хатои марзбонони рус як оилаи ӯзбекро "асир"-и Муғулистон кард


Хонаводаи Маматқулови ӯзбек, ки ба Русия иҷозаи вуруд пайдо накард, як моҳи расо дар шаҳри Баян-Улгии Муғулистон хоҳад монд.

Сардори хонавода Ботирбек ба бахши ӯзбекии радиои Озодӣ хабар дод, сарфи назар аз он ки ин иштибоҳро марзбонони Русия содир кардаанд, ҳоло талош надоранд, хаторо ислоҳ кунанд.

Ба гуфтаи Ботирбек Маматқулов, мушкилӣ аз он сар зад, ки ҳангоми вуруд ба Русия 4 декабри соли 2013 марзбонони рус дар манбаи ягонаи маълумот насаби ҳамсари Ботирбекро бар ивази Маматқулова Матқулова навиштаанд. Баъди берун шудан аз Русия ба хотири «нав» кардани сабти ном, ин хонавода то моҳи июли соли 2017 аз ҳаққи сафари Русия маҳрум гашт.

Ботирбек мегӯяд, дар Муғулистон онҳо дар меҳмонхонае дар шаҳри Баян-Улгий мондаанд. Дар ин шаҳр қазоқтаборон ба сар мебаранд ва ба хонаводаи Маматқулов кумак мерасонанд. Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ваъда кардааст, ки қазияро баррасӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG