Ссылки доступа

Русия ният дорад таҳримҳои зидди Туркияро бештар кунад


Мақомоти Русия ният доранд, таҳримҳои зидди Туркияро дақиқ ва бештар кунанд. Дар ин бора нашрияи “Коммерсантъ” бо такя ба ҳуҷҷате хабар медиҳад, ки вазорати рушди иқтисод бо дастури сарвазири Русия Дмитрий Медведев дар доираи “иқдомҳои махсуси иқтисодӣ” алайҳи Анкара омода кардааст.

Маҳдудиятҳои иловагӣ мумкин аст ба кори меҳмонхонаҳо, сохтмон, коркарди чӯб, омӯзиши ҳавонавардони Русия дар Туркия ва ҳамаи бахшҳои хариди давлатӣ равона шавад.

Ҳамсуҳбати нашрия илова кардааст, ширкатҳое, ки аллакай дар бозори Русия фаъолият доранд, мумкин аст аз ин таҳримҳо истисно шаванд.“Мо дасту пои худро буриданӣ нестем, таҳримҳо пеш аз ҳама ба он равона шудаанд, ки ба иқтисоди Русия камтарин зиёнро оранд”, - гуфтааст ҳамсуҳбати нашрия.

Муносибатҳои Русия ва Туркия баъди сарнагун кардани ҳавопаймои низомии Су-24-и рус аз сӯи ҳавопаймои туркӣ дар охири моҳи ноябр якбора бад шуд. Анкара мегӯяд, ҳавопаймои русӣ ҳарими ҳавоии Туркияро рахна кардааст, Москва ин иттиҳомро рад мекунад. Русия алайҳи Туркия таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ кард, вале Анкара ҳеч иқдоми ҷавобие рӯи даст нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG