Ссылки доступа

Дар вилояти Архангелск мушаки болдор ба боми хона афтод


Ҳангоми озмоиш дар вилояти Архангелск мушаки болдор ба бинои истиқоматӣ бархӯрд. Дар натиҷаи ин ҳодиса дар бино сӯхтор сар зад, аммо касе осеб надидааст, хабар медиҳад расонаи News29.

Вазорати мудофиаи Русия расман хабар дод, ки мушак аз масири парвозаш берун рафта, дар наздикии маҳалли аҳолинишини Ненокс афтидааст, аммо ба бинои истиқоматӣ назадааст. Зикр мешавад, ки ҳодиса "осеб ва талафот" надошт.

"Дар тамрингоҳи вазорати мудофиаи Русия коршиносони Иттиҳодияи илмии мошинсозӣ парвозҳои озмоишии мушакро анҷом медоданд. Баъд аз оғози парвоз дар натиҷаи мушкили техникӣ мушак аз масири парвозаш берун шуда, дар наздикии маҳалли аҳолинишини Ненокс афтодааст", - зикр кард намояндаи вазорати мудофиа.

Ба навиштаи сомонаи хабарии маҳаллии "Правда Севера", қисмате аз ин мушак ҷудо шуда, болои бинои сетабақа афтидааст. Дар ин бино сӯхтор ба амал омада, ки зуд оташнишонон хомӯш карданд. Сокинони ин бино зуд кӯчонда шуданд. Аммо мақомот ба "Правда Севера" ширкати оташнишононро дар ин ҳодиса тасдиқ накарданд.

XS
SM
MD
LG