Ссылки доступа

Туркия зиёни суқути ҳавопайморо намепардозад


Сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Туркия Танжу Билгич изҳор дошт, ки кишвараш нақша надорад, зиёни Русияро аз суқути ҳавопаймои сарангункардаи Су-24 пӯшонад.

Ҳамзамон вай афзуд, Русия бояд кафолат диҳад, ки ҳавопаймоҳои русӣ дигар ҳарими ҳавоии Туркияро вайрон намекунанд.

Пештар сафири Русия дар Туркия Андрей Карлов гуфта буд, ки Русия барои ҳалли бӯҳрони равобит бо Туркия баъд аз қазияи ҳавопаймои Су-24 се шарт гузоштааст.

Дар мусоҳиба бо рӯзномаи «Ҷумҳурият» Карлов зикр кардааст, ки шарти нахустин ин узрхоҳии мақомоти Туркия барои сарнагун кардани ҳавопаймои низомии Су-24-и Русия аст, ки 24 ноябр аз сӯйи нерӯҳои ҳавоии Туркия зада шуд. Шарти дувум ин ошкор кардани гунаҳкорони ҳодиса ва муҷозоти онҳост. Шарти охирин -- пардохти ҷубронпулӣ ба Русия аз сӯйи Туркия.

XS
SM
MD
LG