Маъмурони ниҳодҳои интизомии ноҳияи Файзобод аз падари 95-солаи Муҳиддин Кабирӣ ва хешовандони дигари раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) хостаанд, ки онҳо писари худро насиҳат кунанд, - хабар дод раиси ҷамоати деҳот Бекназар Шоев.
Хешовандони Кабирӣ 15 декабр хабар доданд, ки ниҳодҳои интизомӣ гурӯҳи бузурги хешовандони раҳбари ҳизби манъшударо бозпурсӣ карда, ин воқеаро ба видео гирифтаанд.
Худи Муҳиддин Кабирӣ, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунад, хабар дод, ки мақомот бо ин иқдом мехостанд, ӯро маҷбур кунанд, ки вазъи ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон дар ҳамоиши Вашингтон баррасӣ накунад.
Додгоҳи олии Тоҷикистон баъд аз исёни муовини собиқи вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода ҲНИТ-ро созмони террористӣ эълон ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард.