Ссылки доступа

Аз Иттиҳоди Аврупо таъсиси «рӯйхати Жанаозен»-ро хостанд


Созмони ғайридавлатии «Муколамаи боз», ки дар Варшава ҷойгир аст, ба Иттиҳоди Аврупо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат карда, хостори таҳия ва қабули «рӯйхати Жанаозен» (ба монанди «рӯйхати Магнитский») шудааст.

Аз ҷумла пешниҳод шудааст, ки нисбати гунаҳкорони тирпарронӣ ба эътирозгарон дар моҳи декабри соли 2011 дар Жанаозен, дар ғарби Қазоқистон, таҳримҳое роҳандозӣ шаванд.

Чаҳор сол пеш 17 декабр дар шаҳраки Шептеи вилояти Мангистау пулис ба тарафи гирдиҳамомадагонк, ки аз корпартоии нафткашон пуштибонӣ мекарданд, тирандозӣ кард. Тибқи омори расмӣ 17 нафар кушта ва беш аз сад нафар захмӣ шуданд.

17 нафар бо айби «ташкил ва ширкат дар бетартибиҳои оммавӣ» зиндонӣ шуда, боз 16 нафари дигар шартан ба мӯҳлатҳои мухталиф маҳкум гаштанд. Дар охири соли 2014 яке аз фаъолони корпартоӣ Роза Тулетаева ва дар соли 2015 фаъолони дигари нафткашон аз зиндон озод шуданд.

Владмир Козловро, ки барои «барангехтани низои иҷтимоӣ», «даъват барои сарнагунии ҳукумати қонунӣ» ва «ташкили гурӯҳи ҷиноӣ» ҷазои 7,5 соларо адо мекунад, охирин маҳбуси «парвандаи Жанаозен» медонанд. 8 декабр дархости Козлов барои озодии пеш аз мӯҳлат рад шуд.

Мақомоти Қазоқистон изҳор медоранд, ки ҳодисаҳои Жанаозен воқеъбинона таҳқиқ шудаанд.

XS
SM
MD
LG