Ссылки доступа

Русия саҳми муҳоҷирони кориро барои соли 2016 кам кард


Ҳукумати Русия квотаи муҳоҷирони меҳнатиро барои соли 2016 22 дарсад кам кард, гуфта мешавад дар сафҳаи ҳукумати Русия дар Твиттер. Матни ин қарор дар сомонаи расмии ҳукумат нашр шудааст.

Қаблан вазорати меҳнати Русия эълон карда буд, талабот ба нерӯи кории хориҷӣ, ки бо раводид вориди Русия мешаванд, ба бештар аз 20 дарсад – то 214 ҳазор нафар кам шудааст. Бо ин вуҷуд зикр шуда буд, ки талабот ба нерӯи кории соҳибихтисос ҳанӯз мавҷуд аст.

Хадамоти федеролии муҳоҷират изҳор дошта буд, ки бо вуҷуди буҳрони иқтисодӣ ва беқурбшавии рубл Русия барои муҳоҷирон кишвари ҷалбкунанда боқӣ мондааст ва дар соли 2015 наздики 16 миллион нафар барои кор вориди ин кишвар шудааст. Бештари ин муҳоҷирон – шаҳрвандони кишварҳои шӯравии собиқанд.

XS
SM
MD
LG