Ссылки доступа

Дар Алмаато солгарди декабри 1986-ро гиромӣ доштанд


Дар Алмаато имрӯз маъракаи гиромидошти қурбониёни декабри соли 1986 баргузор шуд. Садҳо нафар сокинони маҳаллӣ дар назди муҷассамаи "Субҳи озодӣ" дар маркази шаҳр гирди ҳам омаданд.

Пас аз гулгузорӣ ба пояи муҷассамаи қурбониёни Желтоксан ё ҳодисаҳои моҳи декабри соли 1986) бо ширкати раиси шаҳри Алмаато Бауржан Байбек чеҳраҳои саршиноси ҷомеа, сиёсатмадорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар "худоӣ"-и ҳарсолаи шаҳрдорӣ ширкат карданд.

17-18 декабри соли 1986 донишҷӯён ва коргарони ҷавон зидди таъйини Геннадий Колбин ба вазифаи раҳбари Қазоқистони Шӯравӣ эътироз карданд. Колбин нафари боэътимоди Москва дониста мешуд. Гирдиҳамоии эътирозӣ бераҳмона саркӯб шуда, дар кишвар маъракаи зидди норозиён оғоз ёфт. 99 нафар, асосан ҷавонон, зиндонӣ шуданд. Яке аз ширкаткунадаҳои саршиноси Желтоксан -- Кайрат Рискулбеков дар зиндон дар шароити номаълум кушта шуд. Дар ибтидо вай ба қатл маҳкум шуда буд, вале баъдан ин ҳукм ба 25 соли зиндон иваз шуд.

Созмонҳои ҳуқуқи инсон ва сиёсатмадорони мухолиф бар инанд, ки ҳодисаҳои моҳи декабри соли 1986 ва амалҳои истибдодии баъд аз он то охир таҳқиқ нашудаанд.

XS
SM
MD
LG