Дар ноҳияи Ҷиззахи вилояти ҳамноми Ӯзбекистон маъмурони иҷрои ҳукми додгоҳҳо моликияти беш аз 200 деҳқонро мусодира кардаанд.
"Онҳо ба назди деҳқонон гурӯҳ шуда меоянд. Иҷрочиёни судӣ, кормандони ҳокимият, адлия ва милитсия 7-8 нафарӣ меоянд. Аз манзили деҳқонони қарздор ҳар чизеро, ки диданд, бо худ мебаранд", - мегӯяд деҳқони маҳаллӣ, ки ба хотири амнияташ нахост номаш зикр шавад.
Кишоварзони ҷиззахӣ шикоят мекунанд, ки ин маъракаи мақомот ба деҳқононе, ки бо мақомоти маҳаллӣ робитаи наздик доранд, рабт намегирад.
Дар соли ҷорӣ бештаре аз деҳқонони Ӯзбекистон натавонистанд супориши давлатии фурӯши пахта ва гандумро иҷро кунанд ва ҳамзамон аз корхонаҳои таъминкунанда ва бонкҳои тиҷоратӣ қарздор шудаанд.