Тибқи иттилои расида ҷангиёни ДИ дар Нангарҳор, ки бо вилояти Кобул - пойтахти кишвар, ҳамсоя аст, муқовимати мусаллаҳонаро дучор нашудаанд.
Ҳамагӣ чанд рӯз пештар фармондеҳи нерӯҳои ИМА ва НАТО дар Афғонистон генерал Ҷон Кэмпбелл гуфта буд, ки ба ҷангиёни ифротгарои ДИ дар Афғонистон «ҷангиёни хориҷӣ» аз Сурия ва Ироқ пайваст мешаванд. Онҳо талош доранд дар вилояти Нангарҳор пойгоҳи минтақавии ин гурӯҳро ташкил кунанд. Мақомоти Афғонистон низ мегӯянд, ки талош доранд маҳалли пахши радиои «Садои хилофат»-ро мушаххас кунанд. Ин радио ахиран дар фазои кишвар пайдо шудааст.