Дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ вай гуфт, баъди фоҷиа намояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Кобул ба вай гуфтаанд, эълон кунад, ки духтараш аз ақл бегона буд ва худаш шаҳрро тарк кунад, зеро амнияти вай ва хонаводааш таъмин нест. Маликзода акнун ҳамроҳи хонаводааш ба Тоҷикистон омадааст, аммо мегӯяд, фоҷиаи духтари вай ва даҳҳо духтари дигари афғон бояд дар саросари Афғонистон муҳокима шавад.
Ба таври ваҳшиёна қатл шудани Фархундаи 27-сола вокунишҳои шадидро ҳам дар Афғонистон ва ҳам дар берун аз он ба вуҷуд овард. Созмонҳои ҷамъиятӣ талаб карданд, ки гунаҳкорони қатли Фархунда маҳкум шаванд.
Дар моҳи март як гуруҳ одамон дар Кобул Фархундаро бо он айбдор карданд, ки гӯё вай Қуръонро оташ задааст. Ин гуруҳ Фархундаро бо лату кӯб куштанд ва баъдан ҷасадашро оташ заданд.
Мақомоти Афғонистон 49 нафар, аз ҷумла афсари пулис ва амниятиро ба ҷавобгарӣ ҷалб карданд. Аз ин теъдод 4 нафар ба қатл маҳкум шуданд, 18 муттаҳами дигар бо далели собит нашудани гуноҳашон раҳо гардиданд. Қисмати боқимонда ба солҳои мухталиф равонаи зиндон шуданд. Вале модари Фархунда мегӯяд, таҳқиқ ва ҷазои гунаҳкорони марги духтараш ба охир нарасидаст.