Ссылки доступа

Хонандаи мактаб аз Қирғизистон барандаи олимпиадаи Куриёи Ҷанубӣ шуд


Хонандаи мактаб аз Қирғизистон Чингиз Тилебалдиев дар Олимпиадаи байналхалқии фанҳои дақиқ миёни хонандагони то 15 сола соҳиби медали биринҷӣ шуд.

Олимпиада аз фанҳои кимиё, биология ва физика дар шаҳри Тэгуи Куриёи Ҷанубӣ аз 2 то 11 декабр баргузор шуд. Хонандагони 43 кишвари ҷаҳон дар ин олимпиада ширкат доштанд.

Аз Қирғизистон 5 хонандаи литсеи «Себата» - Дониёр Шералӣ уулу, Ислом Бектошев, Илёс Батирбеков, Килим Соодонбеков ва Чингиз Тилебалдиев ширкат карданд. Чингис Тилебалдиев мақоми севумро соҳиб шуд.

Олимпиадаи байналхалқии фанҳои дақиқ (International Junior Science Olympiad, IJSO) ҳар сол як бор баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG