Ссылки доступа

Савченко бо эътироз аз тамдиди боздошташ гуруснашинӣ эълон кард


Хидматчии ҳарбии Украина Надежда Савченко, ки дар Русия ба куштори ду рӯзноманигор айбдор мешавад, рӯзи ҷумъа гуруснанишинии навбатиашро оғоз мекунад.

Вай алайҳи ҳукми додгоҳи Донетски вилояти Ростов, ки рӯзи панҷшанбе эълон шуд ва муҳлати ҳабси Савченкоро то 16 апрели соли 2016 дароз кард, гуруснанишинӣ намудааст. Дар ҳамин ҳол, додгоҳ ҳич кадом аз далелҳои бегуноҳии ӯро, ки ҷониби украини пешниҳод намуд, қабул накардааст. Додгоҳ ҳамчунин аризаи вайро дар бораи иваз кардани судя рад намуд.

Аз замони ҳабсаш дар моҳи июли соли гузашта Савченко то кунун ду бор гуруснанишинӣ эълон кардааст.

Хидматчии низомии Украина даст доштани худро дар куштор ва убури ғайриқонунии сарҳади Русия рад мекунад. Вай мегӯяд, ҷудоихоҳон ӯро дуздида ва ба Русия овардаанд.

Рӯзноманигори Радиои Озодӣ Антон Наумлюк рӯзи панҷшанбе дар Фейсбук дар бораи оташ задани хонаи волидайни Наталия Кисел – ягона иштирокчии ҷаласаҳои додгоҳии Надежда Савченко, хабар дод.

XS
SM
MD
LG