Ссылки доступа

Қазоқистон: кофтукови коргоҳ ва хонаи журналистони мухолиф


Дар идораи сомонаи мухолифи Nakanune.kz дар Алмато пулис ҷустуҷӯ мегузаронад, иттилоъ медиҳад хабарнигори бахши қазоқии Озодӣ. Мардони низомипӯш вуруд ба идораи сомонаро манъ кардаанд. Дар идора, тибқи иттилои эҳтимолӣ, пулис ва рӯзноманигори Nakanune.kz Оксана Макушина қарор доранд.

Дар нимаи аввали рӯзи ҷумъа пулис манзили муассиси сомонаи Nakanune.kz Гузал Байдалинова ва рӯзноманигори ин сомона Юлия Козловаро кофтуков кард. Ҳамчунин дар манзили рӯзноманигори дигар Рафаэл Балгин ҷустуҷӯ анҷом шудааст.

Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Алмато аз оғози тафтиши пешакӣ аз рӯи далели “паҳн кардани хабари бардурӯғ дар сомонаҳои “Республика” ва Nakanune.kz дар бораи фаъолияти “Казкоммертсбонк” ва афроди дигар” хабар дод. Шӯъбаи корҳои дохилӣ мегӯяд, тафтишот “супоришгарони матлабҳо ва афродеро, ки дар нашри матлабҳо мусоидат карданд”, ошкор кардааст. Пулис мегӯяд, супоришгарон ба идораи нашрия барои ин матлабҳо пули нақд пардохтаанд.

Мақомоти мазкур мегӯяд, “расонаҳо бо роҳҳои пӯшида сармоягузорӣ мешаванд”. Дар Қазоқистон нашрияи “Республика. Маърифати тиҷорӣ” бо сомонаи ин нашрия ва наздики 30 расонаи оппозитсионии дигар дар соли 2012 бо ҳукми додгоҳ манъ шуданд.

XS
SM
MD
LG