"Ҳоло гуфтушунид дар бораи қатъи виза барои сафарҳои сайёҳӣ идома дорад. Албатта, хатарҳое дар ин замина вуҷуд доранд, аммо, фикр мекунам, ин масъала дар ояндаи наздик ҳал мешавад", - гуфт вазир.
Кожошев афзуд, ки дар сурати роҳандозии низоми бераводид ҳамасола қариб як миллион сайёҳони чинӣ аз Қирғизистон дидан мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2012 Қирғизистон барои ҷаззобтар шудани арсаи сайёҳии худ муқаррароти раводидро барои 45 кишвар бекор кард.