Ссылки доступа

Қонуни "пешвои миллат" барои имзо ба худи пешво фиристода шуд


18 декабр Маҷлиси миллии порлумони Тоҷикистон тарҳи қонун "Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат"-ро тасдиқ кард, ки дастнорасӣ, амният ва кафолатҳои иҷтимоии умрбоди Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои оилаи ӯро таъмин мекунад.

Ин тарҳи қонун аз 16 модда иборат буда, дар онҳо мафҳуми "асосгузори сулҳ, ваҳдати миллӣ ва пешвои миллат", ҳуқуқҳои вай, дастнорасӣ, таъмини амният ва кафолатҳои иҷтимоии ин шахс ва аъзои оилаи вай мушаххас шудааст. Тарҳи қонун 9 декабр аз тарафи Маҷлиси намояндагон ё маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон тасвиб шуда буд.

Ҳамакнун ин тарҳи қонун барои имзо ба президенти кишвар фиристода шудааст. Қонун танҳо баъд аз чопи он дар нашрияҳои расмӣ мавриди иҷро қарор мегирад.

Вакилони порлумон мегӯянд, ки дар боби дувуми ин тарҳ қоидаи изҳори эҳтиром ба "пешвои миллат" аз тарафи ҷомеа мушаххас карда шудааст. Ду моддаи ин ҳуҷҷат ба таъсиси китобхона ва осорхонаи "Пешвои миллат" бахшида шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмони 63 сола аз моҳи ноябри соли 1992 дар сари қудрат аст. Вай борҳо раиси ҷумҳури кишвар интихоб шудааст. Аз ҷумла, пас аз ду ислоҳи қонуни асосӣ ҳаққи ширкат дар интихоботи президентиро барқарор кард. Мӯҳлати феълии раёсаташ дар моҳи ноябри соли 2020 анҷом меёбад. Соли 1998 қонун дар бораи ҳимояи эътибор ва нуфузи президенти Тоҷикистон қабул шуда буд.

XS
SM
MD
LG