Ссылки доступа

Ба самарқандиҳо таҷлили Соли нав дар ресторан манъ шуд


Ҳокими вилояти Самарқанд Зойир Мирзоев ба сокинони шаҳр машварат дод, ки дар Соли нав ба ҳар хел ҷойҳо нараванду дар назди оилаи худ фарорасии соли навро ид кунанд. Тибқи қарори ҳокими вилоят 31 декабр ҳамаи ресторанҳо, кафе ва барҳои шаҳр баста мешаванд.

"Самаркандский вестник" - як нашрияи маҳаллӣ менависад, ки дар ин бора ҳоким Мирзоев дар ҷаласае бахшида, ба омодагиҳо ба таҷлили Соли нави мелодӣ хабар додааст.

Ба фикри Мирзоев, Соли нав ҷашни хонаводагӣ аст ва ба ин сабаб мардум бояд онро дар иҳотаи оила ҷашн гиранд. Ба ҳамин сабаб 31 декабр ҳамаи муассисаҳои хӯроки умумӣ ва тафреҳӣ бояд баста бошанд.

Ба ҷуз аз ин мақомоти вилояти Самарқанд ба муассисаҳои тафреҳӣ дастур додаанд, ки маросимҳои оммавӣ дар корхонаҳои худро дар рӯзҳои ҷашнӣ то соати 23 анҷом диҳанд ва миқдори меҳмонон набояд аз 400 нафар бештар бошад.

XS
SM
MD
LG