Шайма Қосими 20-сола ғолиби озмуне, ки дар як меҳмонсарои Бағдод зери чораҳои амниятии шадид баргузор шуд, эълон гардид. Донишҷӯи бахши иқтисод аз шаҳри Киркук дар чорабинии бидуни машрубот аз миёни 9 иштирокчӣ ғолиб дониста шуд. Ин чорабинӣ бо ташаббуси созмони иҷтимоии Бунёди Ал-Мада дар умури расонаҳо, фарҳанг ва иттилоот барпо шуд.
Телевизиони Ал-Арабия хабар дод, ки дар ибтидо баргузории чорабинӣ моҳи октябр пешбинӣ шуда буд, аммо баъди танқиди руҳониён ин озмун ба вақти дигар кӯчид. Ду иштирокчӣ баъди таҳдидҳо номзадии худро пас хонданд.