Ссылки доступа

Ислоҳи Қонуни оби Қирғизистон ба таъхир афтод


Ҳукумати Қирғизистон аз кумитаи сиёсати кишоварзӣ, зистмуҳитӣ ва рушди маҳаллии порлумон хоҳиш дорад, ки баррасии ислоҳоти Қонуни обро ба вақти дигар гузорад.

Девони вазирон далели ин хоҳишро ба он марбут медонад, ки гурӯҳи коршиносон то ҳол тарҳи қонуни ислоҳотро омода накардааст.

Таҳияи ҳуҷҷате, ки корҳои истихроҷӣ, ки ба вазъи пиряхҳо таъсир мерасонаду ба кӯч додани пиряхҳои Давидов ва Лисий иҷоза медиҳад, бо пешниҳоди ҳукумат сурат гирифта буд. Девони вазирон иддао дорад, ки бе ислоҳи Қонуни об фаъолияти кони Қумтор метавонад, қатъ шавад.

Дар авали моҳи июл Агентии давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Қирғизистон ба ширкати “Тсентерра голд” истихроҷ дар кони Қумторро то 31 декабри соли 2015 иҷоза дод.

XS
SM
MD
LG