Ссылки доступа

Дар Душанбе миқдори бузурги нашъаи сунъӣ мусодира шуд


Дар як амалиёти тарҳрезишуда дар Тоҷикистон миқдори бузурги маводи мухаддири сунъии МДМА (экстазӣ) мусодира шуд.

Агентии назорати маводи мухаддири (АНММ) назди президенти Тоҷикистон аз мусодираи 5 418 ҳаби экстазӣ хабар дод, ки арзиши он дар “бозори сиёҳ” 80 ҳазор доллари ИМА арзёбӣ мешавад.

Фурӯшандаи ин дору аз сӯйи кормандони агентӣ ҳангоми фурӯши онҳо боздошт шуд. Аз манзили боздоштшуда захираи бузурги ҳабҳои экстазӣ ёфт шудааст. Ба боздоштшуда аз ҳашт то дувоздаҳ соли зиндон таҳдид мекунад.

Дар гузашта дар Тоҷикистон ҳолатҳои фурӯши мухаддироти сунъӣ аслан мушоҳида намешуд, аммо ахиран чунин ҳолатҳо зиёд шудааст. Дар соли 2014 аз муомилоти ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон 4625 ҳаби доруҳои дорои маводи мадҳушкунанда мусодира шуд, ки 2590 он доруи “экстазӣ” мебошад. Барои қочоқи ин доруҳо беш аз 10 нафар боздошт шуданд. Тибқи бархе аз манбаҳо, мухаддироти сунъӣ ба Тоҷикистон аз кишварҳои соҳили Балтика, Эрон, Қазоқистон, Чин ва Русия ворид карда мешавад.

XS
SM
MD
LG