Ссылки доступа

Путин ба аҳамияти робитаҳо бо Остона таъкид кард


Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин чанд соат пештар аз имзои созишномаи ҳамкориҳои амиқ миёни Қазоқистон ва Иттиҳоди Аврупо ба судмандии робитаҳои Русия ва Қазоқистон таъкид кард.

«Мо корҳои бо ҳам наздик кардани қоидаҳо ва танзими гумрукӣ, танзими фаннӣ ва дигар масъалаҳоро идома медиҳем. Ин ҳама корҳо натиҷаҳои дилхосте хоҳанд дод», - гуфт Путин ба президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар ҷараёни мулоқоташ дар Кремл.

Қазоқистон барои Русия узви калидии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёст. Таъкиди Путин дар рӯзе садо дод, ки миёни Қазоқистон ва Иттиҳоди Аврупо созишномаи ҳамкории густарда имзо шуд.

Остона ва Брюссел соле пеш музокироти чаҳорсолаи ин созишномаро анҷом дода буданд. Иттиҳоди Аврупо талош дорад ҳамкориҳо бо Қазоқистонро, ки дорои бузургтарин иқтисод дар Осиёи Марказист, тақвият диҳад.

XS
SM
MD
LG