Ссылки доступа

Иттиҳоди Аврупо муҳлати таҳримҳои Русияро тамдид кард


Иттиҳоди Аврупо барои ним сол муҳлати таҳримҳои зидди Русияро тамдид кард. Ин таҳримҳо 31 июли соли 2014 дар посух ба тасарруфи Қрим ва пуштибонӣ аз ҷудоихоҳони шарқи Украина роҳандозӣ шуда буданд. Акнун ин таҳримҳо то 31 июли соли 2016 идома мекунанд.

Дар даргириҳои шарқи Украина беш аз нӯҳ ҳазор нафар ҷон бохтаанд. Иттиҳоди Аврупо барои тамдиди муҳлати таҳримҳо далел пеш овард, ки созишномаи сулҳи Минск то охири сол иҷро нахоҳад шуд.

Тасмими тамдиди таҳримҳоро нахуст 18 декабр сафирони кишварҳои ИА гирифта буданд. Таҳримҳо бахши молия, энержӣ ва иқтисоди ҳарбии Русия ва ҳамчунин бархе аз шахсони алоҳидаро фаро мегиранд.

XS
SM
MD
LG