Вазорат мехоҳад аз ин роҳ вазъи иқтисодиётро беҳтар кунад ва сармоягузорони бештарро ба кишвар ҷалб намояд.
Дониёр Абдилдаев, намояндаи масъули вазорати иқтисоди он кишвар гуфт, дар лоиҳаи нави қонун омадааст, ки «казино» танҳо дар се минтақа – вилоятҳои Иссиқкӯл ва Чуй ва ҳамчунин дар яке аз вилоятҳои ҷануби кишвар қонунӣ шавад. Вай ҳамчунин илова кардааст, ки «казино» танҳо барои хориҷиён боз хоҳад шуд. Ба гуфтаи ин масъул, ин иқдом метавонад ба будҷаи кишвар кумак кунад.
Ёдовар мешавем, фаъолияти «казиноҳо» дар Қирғизистон аз 1 январи соли 2012 манъ шуда буд. Аз моҳи апрели соли 2015 идораҳои букмекерӣ низ баста шуданд.