"Буридани арча ва оро додани он, истифодаи ҳама гуна маводи пиротехникӣ, зиёфат, туҳфадиҳӣ ва ҷамъоварии маблағ дар Соли нав дар муассисаҳои таълимӣ манъ аст. Ҳамчунин сайру гашти мактаббачаҳо ва донишҷӯён ва дар тарабхонаҳо ташкил намудани чорабиниҳои солинавӣ қатъиян манъ аст», - омадааст дар хабари вазорат.
«Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ тавсия медиҳад, ки дар чорабиниҳои ҷашнии солинавӣ табдирҳое, чун таҳияи рӯзномаи деворӣ, баргузории маҳфилҳои адабӣ ва фарҳангӣ ва ҳамчунин бозиҳои варзишӣ баргузор карда шавад», - илова карданд дар вазорат.