Блаттер ва Платинӣ, ки ҳамчунин ба пардохти ҷарима вазифадор шуданд, дар моҳи октябр ба муддати 90 рӯз аз мақомҳояшон барканор гардида буданд. Дар ин муддат дар мавриди интиқоли 2 миллион франки швейтсарӣ аз ФИФА ба суратҳисоби Платинӣ дар соли 2011 таҳқиқот идома дошт.
Ҳам Блаттер ва ҳам Платинӣ даст доштани худро дар фасодкорӣ рад мекунанд.