Парвози мушаки Falcon-9 шаби душанбе аз фурудгоҳи Канаверал оғоз ёфт. Баъд аз чанд дақиқаи парвоз, қисмати аввали мушак аз баданаи асосӣ ҷудо шуда, бо ёрии муҳаррики суръатбахш ба майдончаи махсуси Канаварел фуруд омад. Элон Маск, муассис ва роҳбари ширкати хусусии Space X, ки киштии кайҳонӣ ва мушаки интиқолдиҳанда сохтааст, ин рӯйдодро “ҳодисаи инқилобӣ” номид.
Дар ҷараёни парвози анъанавии киштиҳои кайҳонӣ қисмати гаронбаҳои онҳо – мушакҳои интиқолдиҳанда танҳо як бор истифода мешаванд. Ин қисмат баъди ба мадор баромадани киштӣ аз баданаи асосӣ ҷудо мешавад ва дар қабатҳои зичи атмосфера маҳв мегардад. Бо насби муҳаррикҳо дар парвозҳои баъдӣ, ки қисмати аввали мушакро ба Замин бармегардонад, Элон Маск умедвор аст, ки харҷи киштиҳои кайҳонӣ хеле кам хоҳад шуд.