Ссылки доступа

Бонки миллии Қазоқистон: қурби танга баста ба нафт аст


Қурби тангаи қазоқӣ дар нисбати доллари ИМА дар муҳлатҳои наздик, ба шарти иваз нашудани нархи нафти навъи Brent, арзиши кунунии худро ҳифз хоҳад кард, гуфт раиси Бонки миллии Қазоқистон Дониёр Акишев.

Дар ҳамин ҳол, раиси Бонки миллӣ аз эҳтимол дур намедонад, ки дар сурати аз 30 доллар камтар шудани нархи бушкаи нафт ва коҳиши арзиши рубли русӣ дар нисбати доллар, тангаи қазоқӣ низ беқурбтар хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Дониёр Акишев, дар 10 моҳи соли 2015 ҳаҷми мудохилаи асъори Бонки миллӣ ба бозори асъори дохилӣ 17,4 миллиард долларро ташкил медиҳад, дар моҳи ноябр бошад бонк аз бозор 577 миллион доллар харидааст. Вай барои мисол гуфт, дар соли 2014 бонк ба бозор 22 миллиард доллар ворид карда буд.

5 ноябри имсол – бо гузашти се рӯз аз таъйини Акишев ба мақоми раисии Бонки миллии Қазоқистон ин ниҳод изҳор дошт, ки ҳузури худро дар бозори асъор кам мекунад. Бонк гуфт, ин амал барои ҳифзи захираҳои тило ногузир аст.

XS
SM
MD
LG