Ссылки доступа

Эътироз аз бегазӣ дар Марғилон идома дорад


Норозиён аз набудани газ ва нерӯи барқ дар манзилҳои маҳаллаи "Саховат" дар шаҳри Марғилони вилояти Фарғона рӯзи севум аст, ки кӯчаҳои шаҳрро тарк намекунанд. Намояндагони мақомоти маҳаллӣ мардумро ором карда, ваъда медиҳанд, ки мушкили онҳоро ҳал мекунанд.

Аммо кормандони ширкати газтаъминкунӣ мегӯянд, ки ба сабаби фишори паст дар қубурҳои газрасонӣ наметавонанд сокинонро ба таври доимӣ бо газ таъмин кунанд.

Сокинони биноҳои баландошёна дар қаламрави комбинати собиқи пиллапарварӣ дар маҳаллаи "Саховат"-и шаҳри Марғилон аз 19 декабр ҳамарӯза ба нишони эътироз аз набудани гази табиӣ ва нерӯи барқ дар манзилашон дар кӯчаҳо гирдиҳамоӣ мекунанд.

Манбаъҳои "Озодлик" дар Марғилон хабар медиҳанд, ки сокинони онро эътирози сокинони ноҳияи ҳамсояи Қирғулӣ илҳом бахшидааст. Он норозиён баъд эътирозҳо бо гази табиӣ таъмин шуданд.

Хабар дода мешавад, ки шумораи эътирозгарон дар кӯчаҳои Марғилон ба 150-200 нафар мерасад.

XS
SM
MD
LG