Вазорати молияи ИМА зидди ширкат ва муассисаҳои молии даргири қазияи Украина ва шарики тасарруфи Қрим таҳримҳои нав роҳандозӣ кард. Дар ин бора сомонаи вазорат хабар дода, рӯйхати шахсон ва корхонаҳои таҳримшавандаро чоп кардааст.
Бархе аз нафарони ҷудогона ва ширкатҳо, ки вориди рӯйхати ИМА шудаанд, пештар низ мавриди таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо қарор гирифта буданд. Ин ба ягонагии бетағйири мавқеи Амрико ва Аврупо дар посух ба амалҳои Русия дар Украина таъкид мекунад, гуфта шудааст дар баёнияи вазорати молияи ИМА.