Ин филм аз сӯйи созмони Crude Accountability таҳия шуда, ба солгарди заҳролудшавии оммавии 25 хонандаи мактаби деҳаи Березовка бахшида шудааст. Аҳолии маҳаллӣ ин заҳролудшавиро ба партовҳои заҳрогини кони нафту гази Карачағанак марбут медонад.
Фаъолони шаҳрвандӣ дар ин филм мегӯянд, ки гунаҳкорони ин фоҷиа то ҳол мушаххас нашудаанд, кӯдакон то ҳол беморанд ва волидайни онҳо барои табобати дурусти фарзандонашон маблағ надоранд. Мақомот робитаи ин заҳролудшавӣ бо партовҳои газро рад мекунанд. Аммо бо ин вуҷуд кӯч додани сокинони деҳаи Березовкаро бо баҳонаи густариши минтақаи мамнӯи атрофи кон эълон кардаанд.