Ссылки доступа

Туркия ҳамлаҳои Русия ба Сурияро маҳкум кард


Сарвазири Туркия Аҳмад Довудоғлу ҳамлаҳои ҳавоии Русия ба шаҳри Идлиби Сурияро маҳкум карда гуфт, ин кишвар ҷузъи «ҳадафҳои ипериалистии рус» нахоҳад буд.

Дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоӣ ба бозори серодам, чанд бинои давлатӣ ва хонаҳои истиқоматӣ 20 декабр дар маркази шаҳри Идлиб, ки зери дасти мухолифини ҳукумати Башор Асад аст, даҳҳо нафар кушта шуд, хабар медиҳанд сокинони маҳаллӣ ва наҷотдиҳандагон. Русия ҳамла ба ин нуктаҳо тасдиқ намекунад.

Довудоғлу 22 декабр гуфт, маъракаи ҳавоии Русия дар Сурия асосан алайҳи гуруҳи мухолифони муътадил ва шаҳрвандони одӣ равона шудааст», ки дар натиҷаи ин ҳамлаҳо тундгароёни исломӣ «дар минтақаҳои аздастдодаи гуруҳҳои мухолиф нерӯ гирифтанд».

Туркия, ки ҷонибдори аз қудрат барканор шудани президенти Сурия Башор Асад аст, нақши Русияро дар минтақа хеле бад арзёбӣ мекунад. Москав аз муттаҳидони деринаи Асад аст.

XS
SM
MD
LG