Ба иттилои Раёсати корҳои дохилии вилояти Ҷалолободи он кишвар, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин ҳодисаро тафтиш доранд. Хабар дода мешавад, ки 7 аъзои ин хонавода ба маҳалли ҷангҳои Сурия рафта, баъдан 5 нафари онҳо ба Қирғизистон баргаштаанд.
Тибқи иттилои расмии он кишвар, наздики 500 шаҳрванди Қирғизистон дар чанд гуруҳи байналмилалии террористӣ дар Сурия ва Ироқ ҳузур доранд.