Хабаргузории Reuters менависад, таркиш шаби сешанбе ба чаҳоршанбе рух додааст. Ду фарроши фурудгоҳ захм бардошта, бистарӣ шудаанд. Ҷароҳати яке аз онҳо сангин унвон мешавад.
Сабаби таркиш ҳоло дақиқ нагардидааст. Аммо фурудгоҳ дар ҳолати муқаррарӣ фаъолият мекунад.