Ссылки доступа

Ба Аврупо беш аз 1 млн гуреза ва муҳоҷир ворид шудааст


Беш аз як миллион фирорӣ дар соли 2015 ба Аврупо омадааст ва аз онҳо 972 500 нафар баҳри Миёназаминро гузаштаанд. Ҳангоми сафар ба Аврупо аз тариқи баҳр 3 695 фирорӣ ғарқ ва ё бедарак шудааст. Дар ин бора дар хабарномаи муштараки ниҳоди СММ дар умури паноҳандагон ва Созмони байналмиллалии муҳоҷират иттилоъ дода шудааст.

Дар ин баёния миқдори фирориёне оварда шудааст, ки аз марзи кишварҳои ИА -- Юнон, Булғористон, Италия, Испания, Малта ва Кипр гузаштаанд.

Беш аз ними муҳоҷирон, ки ба Аврупо тавассути баҳри Миёназамин расидаанд, суриягиҳое мебошанд, ки кишвари худро дар пайи даргирии хунин тарк кардаанд. Боз 20 дарсади дигари фирориён шаҳрвандони Афғонистон ва ҳафт фоизи дигар зодагони Ироқанд.

Раҳбари созмони байналмиллалии муҳоҷират Уилям Лейси Свинг гуфт, ки "муҳоҷират ногувор, зарур ва дилхоҳ аст".

Ба гуфтаи вай, бояд барои муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар шароит фароҳам шавад. Ҳамчунин бояд нигаронии кишварҳои аврупоӣ низ дар мадди назар бошад. Раҳбари ниҳоди СММ дар умури муҳоҷират Антонио Гуттереш гуфт, ҳарчанд мавҷи фирориён дар бархе аз кишварҳо вокуниши манфиеро ба вуҷуд овард, бояд эътироф кард, ки саҳми муҳоҷирон ва фирориён дар ҷомеае, ки онҳо дар он ҷо зиндагӣ мекунанд, мусбат аст.

XS
SM
MD
LG