Ссылки доступа

Афзоиши ҳамлаи гург ба одамон дар Қирғизистон


Дар деҳаи Орук-Тами ноҳияи Норин ду нафар баъд аз ҳамлаи гургҳо дар бемористон бистарӣ шуданд. Дар ин бора мутахассиси бахши маорифи ноҳия Кенжебай Кидиров хабар дод.

Ба гуфтаи вай, гургҳо ба ин ду нафар субҳи имрӯз ҳамла кардаанд. Ду гург ба оташкори мактаби деҳа соати 7-и субҳ ҳангоме ҳамла карданд, ки вай озими ҷойи кор буд. Як нафаре, ки дар маҳалли ҳодиса буд, низ зарар дидааст. Вазъи саломатии осебдидаҳо мӯътадил арзёбӣ мешавад.

Кидиров афзуд, ки мардуми ба ҷойи ҳодиса ҷамъ омада, тавонистанд гургҳоро дур кунанд.

Пештар хабар дода шуд, ки аз авали соли 2015 дар вилояти Норин мавридҳои ҳамлаи гургҳо ба ҳайвоноти хонагӣ бештар шудааст. Гуфта мешавад, ки маблағи зарари расонидашуда 12 миллион сом мебошад.

Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, барои кам кардани шумораи гургҳо ва коҳиши мавридҳои ҳамлаи онҳо ба ҳайвоноти хонагӣ 63 гурӯҳи шикорчиён ташкил карда шуд. Аз авали сол ин шикорчиён 18 сар гург ва 42 гургбачаро нобуд кардаанд.

Бо қарори ҳукумат шикорчиён барои нест кардани ҳар як гург 5 ҳазор сом ҷоиза мегиранд.

XS
SM
MD
LG