Ссылки доступа

Кишварҳои узви СПАД дар мавриди Туркия мавқеи яксон надоранд


Расонаҳои русӣ хабар медиҳанд, ки ҳамоиши ахири Созмони Паймони Амнияти Дастиҷамъӣ (СПАД) дар Москва ихтилофи ҷиддиеро миёни шарикони Русия нишон дод.

«Москвовский комсомолетс» менависад, ки ҳама интизор доштанд, ки ин ҳамоиш барои намояндагони расонаҳо боз мешавад, аммо ин тавр нашуд. «Ҳатто намояндаи Арманистон натавонист раҳбарии ин созмони низомиро бар ӯҳда гирад. Шояд ба ин хотир, ки ин қадами Арманистон аз сӯйи Туркия ҳамчун иқдоми душманона арзёбӣ мешавад».

Ҳамчунин дар мавриди пуштибонӣ аз амалиёти низомии Русия дар Сурия ошкоро ҳарфе гуфта нашуд. Ҳарчанд раҳбарони кишварҳои СПАД хостори ташкили эътилофи васеи зиддитеррористӣ бар муқобили «Давлати исломӣ» шуданд. Онҳо гуфтанд, ки «Давлати исломӣ» талошҳоеро барои паҳн кардани нуфузи худ ба Осиёи Марказӣ анҷом медиҳад.

Ба эътиқоди коршинос Аркадий Дубнов «ин воқеият тасдиқ шуд: дар миёни шарикони наздиктарини Русия дар қаламрави пасошӯравӣ дар мавриди амалиёти Москва дар Сурия ва ҷанҷоли вай бо Анқара ягонагӣ вуҷуд надорад.

Шаш кишвари пасошӯравӣ Русия, Араманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон аъзои СПАД мебошанд.

XS
SM
MD
LG