Ссылки доступа

Дар Алмато муҳаррири Nakanune.kz Ғизол Байдалина боздошт шуд


Муҳаррири сомонаи мухолифи Nakanune.kz Ғизол Байдалина барои се рӯз боздошт шуд, хабар медиҳад сармуҳаррири сомонаи мухолифи «Республика» Ирина Петрушова.

Ахиран Байдалина ҳамроҳ бо ҳамкасбаш Юлия Козлова дар раёсати корҳои дохилии шаҳри Алмато бозпурсӣ шуданд, пештар аз ин дар манзилҳои зисти онҳо пулис ҷустуҷӯ анҷом дод. Дар пулиси Алмато гуфта буданд, ки дар пайи таъсиси парвандаи «паҳн кардани иттилои бардурӯғ аз ҷониби сомонаҳои «Республика» ва Nakanune.kz дар бораи фаъолияти «Казкоммертсбонк» ва чанд шахси дигар» дар манзили Козлова ва Байдалина ҷустуҷӯ анҷом шудааст.

Nakanune.kz аз ҷониби чанд рӯзноманигори собиқи «Республика» таъсис шудааст. Нашрияи «Республика. Маърифати тиҷоратӣ», сомона ва замимаи он – дар маҷмуъ 30 расонаи мухолиф – бо қарори додгоҳ дар соли 2012 манъ шуданд. Моҳи майи соли ҷорӣ додгоҳи ноҳияи Медеуи шаҳри Алмато дар пайи шикояти «Казкоммертсбонк» Ғизол Байдалиноваро ба ҳайси молики Nakanune.kz 20 миллион танга ҷарима баст ва вазифадор кард, матлабе, ки дар бораи ин бонк навиштааст, аз сомона пок намоед. Бонк ба додгоҳ шикоят бурда, изҳор дошт, ки матлаб эътибори бонкро костааст.

Роҳбари созмони дифоъ аз расонаҳо «Адил соз» Тамара Калиеева муносибати кунунии мақомотро алайҳи сомонаи мухолифи Nakanune.kz маҳкум кард.

XS
SM
MD
LG