Ссылки доступа

Отамбоев овозаҳои суқути соми қирғизиро рад кард


Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар нишасти хабарии имрӯз дар Бишкек гуфт, дар пули миллии кишвари вай ба суқут рӯбарӯ нашудааст. Ба гуфтаи президент, бархе аз таҳлилгарон дар нисбати вазъи бозори асъори кишвар баҳои бадбинона медиҳанд.

«Аммо бояд қайд кард, ки дар Қазоқистон қурби танга ду баробар пойин рафт, бо рубли русӣ ҳам ҳамин ҳолат мушоҳида мешавад. Дар ибтидои сол қурби пули қирғиз нисбати доллар 59 сомро ташкил медод, ҳоло 75 сом аст. Ин ду баробар нест. Аз ҳамин рӯ дар бораи суқути пули миллӣ доду фарёд кардан нодуруст аст», - нақли қавл кардааст аз суханони Отамбоев бахши қирғизии Радиои Озодӣ.

Пештар Бонки миллии Қирғизистон эълон кард, ки аз ибтидои сол қурби доллар 29 дарсад боло рафта, аз 58,8 сом барои як доллар то ба 76 сом расидааст. Бино бар вазъи 22 декабр қурби доллар дар саррофиҳои шахсии Бишкек 76 сомро ташкил медод.

XS
SM
MD
LG