Ба гуфтаи вай, вазъи феълии иқтисоди Русия имкон намедиҳад, ки ин тарҳҳо сармоягузорӣ шаванд. "Ман боиқрор мегӯям, ки агар нишинему интизор шавем, пас ин тарҳҳо ба чанд соли дигар мавқуф гузошта мешаванд. Ман якҷо бо раҳбари Русия Владимир Путин ва вазири энержии он кишвар сӯҳбат доштам. Дар фасли баҳор вай як далел пеш меовард, тобистон далели дигаре, ҳоло бошад сабабҳои дигареро мегӯяд, ин аҳвол метавонад солҳо идома ёбад. Барои ҳамин ба Путин ошкоро гуфтам, ки мо бояд шарики наверо пайдо кунем. Ба Русия низ сабуктар мешаваду яке аз ӯҳдадориҳояш аз байн меравад. Вале ман бовар дорам, ки барои сохтмони нерӯгоҳи Қамбарота ва силсилаи нерӯгоҳҳо дар болооби Норин сармоягузорон пайдо мешаванд", - афзуд Алмосбек Отамбоев.
Вай гуфт, ҳарчанд дарки ин масъала душвор аст, аммо ҳақиқати талх ҳамин аст.