Ссылки доступа

Дар Самарқанд бародари калонии президент Каримов фавтид


Ба иттилои нашрияи интернетии «Uzmetronom», бародари бузурги раиси ҷумҳури Ӯзбекистон Ислом Каримов, ки аз вай Ибодулло Каримов ном бурда мешавад, шаби 24 декабр дар синни 91-солагӣ дар Самарқанд даргузаштааст.

Бино ба хабарҳои расида,Ибодулло Каримов имрӯз дар оромгоҳи "Шоҳи Зинда" дар Самарқанд дафн карда мешавад. Дар ин оромгоҳ бародари дигари раҳбари кишвар низ дафн шудааст, ки чанд сол пеш фавтида буд.

"Шоҳи Зинда" - маҷмаи беҳамтои қадимаи оромгоҳҳо аст (солҳои 1370-1449), ки дар наздикии шаҳри Афросиёб воқеъ мебошад. Тибқи иттилои манбаъҳои қадимӣ, ин маҳалли дафни шоҳон ва нафарони саршинос аст.

Аммо оромгоҳи асосӣ, ки аз он худи қабристон оғоз мешавад, қабри бародарзодаи паёмбар Муҳаммад - Қасам Ибн-Аббос мебошад. Барои ҳамин ин оромгоҳро "Шоҳи Зинда" ном мондаанд. Вай яке аз нахустин шахсоне буд, ки дар ин кишвар исломро таблиғ мекард ва пас аз солҳо ин маҳалл дар миёни мардум ба унвони зиёратгоҳ шӯҳрат ёфт.

XS
SM
MD
LG