Ссылки доступа

"Террористон ва ифротгароён аз шаҳрвандӣ маҳрум шаванд"


Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев пешниҳод кард, шаҳрвандоне, ки ихтиёран ба созмонҳои террористӣ ва ифротгаро мепайванданд, аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум шаванд. Дар ин бора раҳбари кишвар дар нишасти матбуотӣ изҳори назар кард.

Ба гуфтаи вай, ҳоло қариб 400-500 шаҳрванди Қирғизистон ба гурӯҳи «Давлати исломӣ» ва созмонҳои ба он монанд пайвастаанд.

«Мушкил дар он нест, ки онҳо ба ин созмон мераванд, мушкил дар он аст, ки онҳо сипас гирифтори ин вабо бармегарданд», - гуфт раиси ҷумҳур.

«Фаронса баъд аз силсилаи амлаҳои террористӣ дар Порис Қонуни асосии худро ислоҳ карда, шаҳрвандонеро, ки ба ҷониби террористҳо мегузаранд, аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум мекунад. Мо низ бояд ба чунин шаҳрвандон монеа эҷод кунем. Ҳарчанд ҳоло тибқи Қонуни асосӣ мо ҳуқуқ надорем касеро аз шаҳрвандӣ маҳрум кунем. Аммо ҳамзамон моро зарур аст дар бораи амнияти миллӣ андеша дошта бошем. Бояд на танҳо бо ДИ, балки бо бесаводӣ дар миёни диндорон мубориза бурд. Ҳамаи мушкил аз бесаводӣ аст”, - афзуд Отамбоев.

XS
SM
MD
LG