Ссылки доступа

Дар Русия қоидаҳои табодули асъорро сахттар мекунанд


Бонки марказии Русия қоидаҳои табодули асъорро тақвият дод. Аз 28 декабр агар маблағи табдили пул беш аз 15 ҳазор рубл бошад, ҳуввияти муштарӣ бояд ба таври комил шиносоӣ шавад.

Шиносоии комил пур кардани саволнома, арзёбии осебпазирии муштарӣ, ворид сохтани маълумоти муштарӣ ба махзани иттилоот, азнавсозии иттилоъ дар бораи вай ва иҷрои муқаррароти дигареро дар назар дорад, ки ин ҳуҷҷат пешбинӣ кардааст. Зикр мешавад, ин иқдомҳо ба хотири иҷрои талаботи қонуни Федеролӣ «Дар бораи пешгирӣ аз қонунӣ кардани маблағҳое, ки аз амалҳои ҷиноятӣ ба даст омадаанд ва пешгирӣ аз сармоягузории терроризм» гирифта шудаанд.

Ба бовари коршиносон, ба иҷро даромадани қоидаи нав вақти амали табдили асъорро бештар мекунад. Бонкҳо талош хоҳанд кард, ки табодули асъор ба таври ғайринақдӣ анҷом дода шавад. Аммо ин кор ба коҳиши саррофиҳои пули нақд сабаб мешавад.

XS
SM
MD
LG