Ссылки доступа

Роҳбари собиқи метрои шаҳри Алмато нуҳ сол зиндонӣ шуд


Додгоҳи ноҳияи Медеуи шаҳри Алмато роҳбари пешини ширкати «АлматиМетроКурилис» Муродбой Укшебоевро дар содир кардани як қатор ҷиноятҳо, аз ҷумла ғорати пулҳои сохтмони метрои Алмато гунаҳкор донист. Вай нуҳ сол зиндонӣ ва аз ишғоли вазифаҳои давлатӣ барои панҷ сол маҳрум гардид.

Ҳамроҳи вай дар доираи ин парванда Ербол Калдибоев ва Константин Антипов ба 8 соли зиндон ва маҳрумият аз ишғоли вазифаҳои давлатӣ ба муҳлати 3 сол маҳкум шуданд. Аз ҳисоби маҳкумшудаҳо ба фоидаи давлат ҳамчун зарари молӣ бештар аз 2,5 миллиард танга рӯёнида мешавад. Тавре тафтишот мегӯяд, ин маблағҳоро маҳкумшудаҳо дар солҳои 2010 то 2012 ғорат кардаанд.

Маҳкумшудаҳо гуфтанд, ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят хоҳанд бурд.

XS
SM
MD
LG