Ссылки доступа

Кӯдакро бо баҳонаи Сурия рафтани падараш ба мактаб роҳ намедиҳанд


Дар деҳаи Кажари ноҳияи Ала-Букини Қирғизистон як хонандаеро, ки пайвандонаш эҳтимол дар Сурия будаву бо террористон робита доранд, ба таҳсил роҳ намедиҳанд. Дар ин бора ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ сокини деҳаи Кажар Мавлуда Шарипова хабар додааст.

«Мо дар Туркия будем. Вақте баргаштем, духтарамонро, ки бояд дар синфи 6 таҳсил кунад, хостем ба мактаб диҳем. Вале мудири мактаб гуфт, маълум нест, ки мо дар Туркия будаем ва ё дар Сурия. Бо ҳамин баҳона духтари маро ба мактаб роҳ надоданд», - хабар дод Шарипова.

Омӯзгори мактаби №34-и деҳаи Кажар Мунайим Конушова гуфтаҳои Шариповаро рад мекунад.

Ба иттилои Конушова, кормандони мактаб ин духтарро барои таҳсил даъват кардаанд. Вале дар манзили Шарипова касе ҳузур надоштааст. Конушова гуфтааст, ба мактаб роҳ додани фарзанди Шарипова дар ҷаласаи омӯзгорон ҳал хоҳад шуд.

Хабар дода мешавад, ки баъди овозаҳои ба Сурия рафтани хонаводаи ин хонанда, насаби вай дар дафтари синфӣ қайд нашудаст.

Ёдовар мешавем, пештар сокинони Кажар талаб карда буданд, то оилаи Маҳмудовҳо, ки мардонаш ба ҷанги Сурия рафтаанд, аз деҳа бадарға шаванд.

XS
SM
MD
LG