Ссылки доступа

Эмомалӣ Раҳмон мақоми "Пешвои миллат" пазируфт


Имрӯз раиси ҷумҳури Тоҷикистон қонун "Дар бораи асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат"-ро имзо кард.

Як ҳафта пеш, 18 декабр тарҳи ин қонунро Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон якдилона қабул карда буд. Пештар тарҳи ин қонун аз сӯи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тасвиб шуд.

Ба гуфтаи раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров, "Эътирофи шахсияти "Пешвои миллат" ба асосҳои демократия ва озодиҳо мухолифат намекунад. Дар ҷаҳон аз ИМА то Ҳиндустону Покистон ва Қазоқистон таҷрибаи эътирофи раҳбари кишвар ба унвони "Пешвои миллат" вуҷуд дорад. Бовар кунед, мо кишвари худро дӯст медорем, ба демократия арҷ мегузорему ҳуқуқҳои худро ҳимоят мекунем. Аммо дар баробари ин мехоҳем хусусиятҳои олии фарзандони миллатро эътироф кунем", - гуфт вай.

Тарҳи қонун аз 16 модда иборат буда, мафҳумҳои "асосгузори сулҳ, ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат"-ро мушшахас мекунад ва ҳамзамон дахлнопазирӣ, таъмини амният ва зиндагии ин шахсро кафолат медиҳад.

XS
SM
MD
LG