Ба ғайр аз ин ВКД Русия якҷо бо Идораи Федералии Амниятӣ (ИФА) фаъолияти қариб се ҳазор шаҳрвандони ин кишвар, ки озими ҷангҳо дар қаламрави Сурия ва Ироқ шудаанд, ба назорат гирифтааст. Дар ин посухи ВКД ҳамчунин хабар дода шудааст, ки ниҳодҳои махсуси Русия 92 таблиғгари "ҷиҳод"-ро ошкор кардаанд.
15 декабр мудири ИФА Александр Бортников гуфта буд, ки қариб се ҳазор шаҳрванди Русия ба гурӯҳҳои террористии дар Русия манъшудаи Сурия ва Ироқ пайвастаанд. Ҳамчунин ба иттилои Бортников, 214 нафар ба Русия баргашта, 80 нафари онҳо маҳкум ба зиндон шудаанд.
Мудири ИФА ҳамчунин хабар дод, ки беш аз 1600 шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба гумони расонидани кӯмаки молӣ ба гурӯҳи террористии дар Русия манъшудаи "Давлати исломӣ" санҷида мешаванд.