Намояндагони ҷумҳурии худхондаи мардумии Донетск (ҶМД) мегӯянд, низомиёни украинӣ тирпарронӣ карданд. Киев ин даъворо рад карда, ҳодисаро иғвои ҶМД медонад.
Пештар дар ситоди кулли Украина хабар дода буданд, ки шаҳраки Коминтерноворо, ки дар минтақаи ҳоили ҷонибҳои даргир воқеъ аст, ҷудоихоҳон тасарруф кардаанд. Ба иттилои низомиёни украинӣ, ҷангиёни ҶМД дар шаҳрак камин гирифта, дар роҳҳои наздикшавӣ ба ин мавзеъҳо мина гузоштаанд.
Дар рӯзҳои охир дар даргириҳои Донбасс як низомии украин кушта ва се нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд, хабар медиҳад дафтари раёсати ҷумҳурии Украина.