Ссылки доступа

Толибон тамос бо Русияро зидди ДИ рад карданд


Толибони Афғонистон мегӯянд, барои мубориза бо гуруҳи террористии «Давлати исломӣ» бо Русия музокира надоранд.

Дар изҳороте, ки дар сомонаи ин созмон нашр шуд, омадааст, толибон барои мубориза бо ДИ ба кумаки ҳич касе эҳтиёҷ надоранд ва дар ин мавзуъ бо касе ҳам гуфтугӯ ва ё робита накардаанд.

Пештар вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, манфиати толибон дар мубориза бо ДИ дар Афғонистон бо манофеи Русия яксон ҳастанд. Дар ин бора дар як мусоҳибаи оҷонсии хабарии «Интерфакс» намояндаи махсуси Русия оид ба Афғонистон Замир Кобулов изҳор дошта буд. Вай гуфт, қаблан бо толибон табодули иттилоъ мекарданд.

XS
SM
MD
LG